bobbynudeli

Bobby I.

BUKHARIAN BELARUSSIAN JEW!!!!!!!!!!!!!!!!! То ҳастаму то ҳастӣ, ҳамрози ту хоҳам буд, То сози даме дорам, дамсози ту хоҳам буд. Андар дили пуршӯрам то нашъаи дарде ҳаст Мафтуни табу сӯзи овози ту хоҳам буд. Чун ҷон на барои тан, шоистаи ҷонон аст, То ҷону ҷаҳон дорам, ҷонбози ту хоҳам буд. Бар қасди ҳама қаҳру шӯру шари тақдирам, Қурбони як имою як нози ту хоҳам буд. То нола кунад ҷонам, то шиква кунад рӯҳам, Бо болу пари шеърам парвози ту хоҳам буд. Ором намеҷӯям, анҷом намехоҳам, То охири умри дил оғози ту хоҳам буд. __________________________________________________ Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ гуфтем,Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем, Ту самарқандӣ, зарафшонӣ, вахонӣ гуфтем, Ту бухорӣ, ту ҳисорӣ, ту фулонӣ гуфтем. Чунки бегонапарастем, амон аз ману ту!Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту! Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо. Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо.Ёфт чун рахна ба девори маҳалбандии мо,Бехирад тохт ба авранги “хирадмандии” мо! Баски авранг надорем, амон аз ману ту, Фаҳми аржанг надорем, амон аз ману ту! ---Пайкараи Лоиқ Шералӣ Э-шинам шинам-е аз ту ширин ёд ояд Э-оҳе мекашам аз фалак дод ояд ҷон Э-рози дилма-э агар ба сангҳо гӯям ҷони Э-санг аз таги дарё ба фарёд ояд-э __________________________________________ Зи дурӣ то ба кай моро чунин маҳҷур медорӣ? Агар назди ту меоям ту худро дур медорӣ. Табиби ман туӣ аммо маро бемор мехоҳӣ Давои ман туӣ аммо маро ранҷур медорӣ. Ба нури худ шабе равшан накардӣ маҷлиси моро Чароғи ошноӣро чаро бе нур медорӣ. Магар кайфияти ранҷи хумор эй ҷон намедонӣ? Ки моро бе шароби лаҳми худ махмур медорӣ. Ба базми васл ҳозир мекунӣ арбоби хашматро Ҳамин мискин Ҳилолӣро зи худ маҳҷур медорӣ. ---Бадруддин Ҳилолӣ I LOVE TAJIKI PERSIAN POETRY!!!!!

joined
Feb 2010
trophies
1
posts
0
comments
2
BuzzFeed Community is a hub for BuzzFeeders to create awesome quizzes and posts that people love. Make your own, or browse what other people are making.
Make your own post! Caret Right

Pinned Quiz Results

📌 Bobby I. hasn't pinned any quiz results.

Published Posts

😶 Bobby I. hasn’t published anything yet.

Recent Comments